ankaradaescortlar.org samsunescort.asia ankaratcescort.org ankaradaescortlar.asia

КВДК "Кохи матбуот"
Developed by JoomVision.com
Рушди технологӣ
banner
banner
Толорҳои конфронсӣ

Рушди технологӣ

There are no translations available. Рушди технологӣ КВДК «Кохи матбуот» баҳри беҳтар гардидани фаъолияти ташкилотатон хизматрасониҳои рушди технологиро пешниҳод намояд. Хизматрасониҳои...

Read more...

«Маводҳои армуғонӣ»

There are no translations available. Маводҳои армуғонӣ Армуғон ва рамзҳои корпоративӣ: Армуғонҳо (пакет, худнавис ва ё қалам, футболка, бейсболка, ҷом  ва  рӯзномаю ҳафтаномаҳои...

Read more...

Чопи фаврӣ

There are no translations available. Чопи фаврӣ КВДК  «Кохи матбуот»-и вилояти Суғд дорои  таҷҳизоти навтарини рақамии чопӣ буда, метавонад ба тариқи таъҷилӣ ҳамагуна номгӯйи...

Read more...

Толорҳои конфронсӣ

There are no translations available. Толорҳои конфронсӣ КВДК «Кохи матбуот» омода аст, ки барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои Шумо мусоидат намояд. Толори №1 (тарзи...

Read more...

НИШАСТИ МАТБУОТИИ ТАШКИЛОТҲОИ ҶАМЪИЯТИИ ВИЛОЯТИ СУҒД БО НАМОЯНДАГОНИ ВАО

There are no translations available.

 

Хуҷанд 13-уми сентябри соли 2017 дар КВДК “Кохи матбуот” нишасти матбуотии ташкилотҳои ҷамъиятии вилояти Суғд бо намояндагони  ВАО баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ ФТҶ “ Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар вилояти Суғд, ТҶ “Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон”, ТҶ “Гурдофарид”, ТҶ Маркази занон “Гулрухсор” ширкат варзиданд.

Ин  аввалин нишасти матбуотии ташкилотҳои ҷамъиятӣ, тибқи лоиҳаи "Баланд бардоштани мавқеи фаъолияти ташкилотҳои хомии ҳуқуқ дар вилояти Суғд" буда аз ҷониби Филиали Ташкилоти ҷамъиятии "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ташкил карда шуд.

КВДК "Кохи матбуот"

 

БАРНОМАИ USAID ОИД БА МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ БЕМОРИИ СИЛ

 

Хуҷанд 12-уми сентябри соли 2017 дар КВДК “Кохи Матбуот” бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ва барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил мизи мудаввар бо иштироки табибон ва ташкилотҳои тандурустии вилоят баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар Муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят Нодира Мирзозода, сардори Раёсати тандурустии вилоят Фаррух Мақсудзода, муовини Директори Барнома  USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил Шахло Шакарова намояндагӣ карданд.

Дар рафти ҷамъомад якчанд масъалаҳо аз қабили нақши Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят дар мубориза бар зидди бемории сил, фаъолияти Кумитаҳои маҳаллии тандурустӣ оид ба пешгирӣ ва дарёфти беморӣ ва рӯзҳои “Дарҳои кушода” дар маҳалҳо барои дарёфти саривақтии бемории сил дар байни занон дар минтақаҳои вилояти Суғд мавриди мубоҳиса қарор дода шуд.

КВДК "Кохи матбуот"

 

РАСОНИДАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚИИ РОЙГОНИ ДУЮМДАРАҶА ОИД БА ПАРВАНДАҲОИ ҶИНОЯТӢ

 

Хуҷанд 5 сентябри соли 2017 дар КВДК “ Кохи матбуот” аз ҷониби барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид мизи мудаввар дар мавзӯъи Расонидани ёрии ҳуқуқии ройгони дуюмдараҷа оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар Муовини якуми вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдуманнон, Раиси мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳои ҶТ дар вилояти Суғд Садриддин Саидов, менеҷери Барномаи БРСММ “Волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолат” Саидаҳмад Икромов ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ , адвокатҳо иштирок варзиданд.

Дар рафти чамъомад маълумоти мухтасар бобати Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи таҷрибакунии низоми давлатии расонидани  ёрии ҳуқуқии ройгони дуюмдараҷа оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ дода шуда ин барнома боиси муҳокима қарор гирифт.

КВДК 

 

ФАЪОЛГАРДОНӢ ВА ҲАМОҲАНГСОЗИИ ТАШАББУСҲО ДАР САМТИ ПАСТ ГАРДОНИДАНИ ШИДДАТИ ПАҲНШАВИИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ, ДАСТГИРИИ ИҶТИМОИЮ ХУҚУҚИИ АҲЛИ ҶОМЕА, АЗ ҶУМЛА МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ

 

Хуҷанд 16-уми августи соли 2017 дар КВДК “Кохи матбуот”  мизи мудаввар дар мавзӯи “Фаъолгардонӣ ва ҳамоҳангсозии ташаббусҳо дар самти паст гардонидани шиддати паҳншавии бемориҳои сироятӣ, дастгирии иҷтимоию хуқуқии аҳли ҷомеа, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ” баргузор гардид. Дар мизи мудаввар зиёда аз 30 нафар намояндагони Раёсати хадамоти муҳоҷират, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, сохторҳои давлатӣ ва ВАО ширкат варзиданд.

Мизи мудаввар аз ҷоними ташкилдоти ҷамъиятии “Солимӣ” гузаронида шуда ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ фаъолгардонӣ ва ҳамоҳангсозии лоиҳа мебошад.

КВДК "Кохи матбуот"

 

МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ “СУҒДСИНАМО БА НОМИ К. ЁРМАТОВ”

 

Хуҷанд 15-16-уми августи соли 2017 дар КВДК “Кохи матбуот” кастинг барои дарёфти чеҳраҳои нав дар байни ҷавондухарону ҷавонписарон  синни аз 7 то 30 сола баргузор гардид.

Чорабинии мазкур аз ҷониби Муассисаи давлатии “Суғдсинамо ба номи К. Ёрматов” гузаронида шуд. Дар он наздик  200 нафар иштирок варзиданд.  Ҳадафи асосии кормандони “Суғдсинамо” интихоби чеҳраҳо дар филми нав бо номи “Вақте сайёра ранг иваз мекунад” буда, сабти ин филм моҳи октябри соли ҷорӣ оғоз мешавад.

КВДК "Кохи матбуот"

 
  •  
  •  Start 
  •  Prev 
  •  1 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  10 
  •  Next 
  •  End 
  •  

Page 1 of 33

Хизматрасониҳои «Кохи матбуот»

Рекламаи мо

Кохи матбуот дар Facebook

Vinaora Visitors Counter

mod_vvisit_counterИмрӯз27
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта171
mod_vvisit_counterДар ин моҳ2201
mod_vvisit_counterУмуман80615